734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Меҳмонии ҷавонон дар вилояти Суғд

Имрӯз ҳайати 60 нафараи ҷавонони Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар чорабиниии “Дар меҳмонии ҷавонони ноҳияи Б.Ғафуров” ба вилояти Суғд сафар намуданд.
Барномаи дар меҳмонии ҷавонон соли чандум аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстии ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.
Меҳмонии ҷавонон аз санаи 15 то 17 майи соли 2019 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, силсала чорабиниҳои гуногун дар назар дошта шудааст.
Нахуст, бо иштирокчиёни чорабинӣ дар толори маҷлигоҳи Кумита суҳбати озоди муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ баргузор гардида, ба онҳо роҳи сафед таманно намуданд.


16.05.2019 Нет комментариев