734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод!

Шоми дирӯз дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе аввалин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод” баргузор гардид.
Фестивали мазкур аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуда, дар он шумораи зиёди донишҷӯёни хориҷӣ иштирок намуданд.
Дар баргузории фестивал раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок ва суханронӣ намуда, барои иштироки фаъолона дар аввалин фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ ба иштирокдорон сипоснома тақдим намуданд.
Фестивали фарҳангии донишҷӯён таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи фктболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир карда шуда, дар он намояндагони 12 давлати дунё иштирок намуданд.
Ҷавонони ҳунарманду соҳибистеъдод, сарояндагону навозандагон дар намояндагии 12 давлати дунё фарҳанги волои тоҷикӣ ва милли худро бо истеъдоди фавқуллода нишон доданд.


15.05.2019 Нет комментариев