734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Данғара дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 –“Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир гардид.

Дар кори Конфронс олимону муҳаққиқони ҷавон иштирок намуда, дар мавзӯҳои “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун дастоварди даврони соҳибистиқлолии мамлакат”, “Нақши таърихӣ ва умумиҷаҳонии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Моделҳои имконпазири рушди деҳот аз назардиди масъалагузориҳои Пешвои миллат”, “Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори давлати миллии тоҷикон”, “Саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлати ҳуқуқбунёди Тоҷикистон” ва “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.


13.05.2019 Нет комментариев