734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Аввалин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ҳадаф аз баргузории ин фестивали байналмилалӣ пеш аз ҳама дӯсту муттаҳид гардонидани ҷавонони олам мебошад.

Дар ин фестивал намояндагон аз давлатҳои хориҷа бо дастагули тару тоза, бо рақсу сурудҳои миллию хориҷӣ ҳунари волои хешро муаррифӣ менамоянд.
Фестивали мазкур барои табодули таҷрибаи ҷавонон дар самти фарҳангдӯстӣ, омӯзиши фарҳангҳои халқиятҳои дигар, дӯстиву ҳамгироӣ ва пеш аз ҳама барои муттаҳид намудани ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар Фестивали мазкур ҷавонони Тоҷикистон низ бо беҳтарин рақсу таронаҳои дилнишин фарҳанги волои тоҷиконро муаррифӣ менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки фастивали мазкур аввалин маротиба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад ва он дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.

Иқдоми мазкур дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ карда шуда, ин чорабинии бошукуҳи байналмилалӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир карда мешавад.


13.05.2019 Нет комментариев