734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ШӮРОИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДОИР ГАРДИД

10 майи соли равон дар толори макомоти ичроияи хокимияти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Шӯрои кор бо ҷавонон дар назди раиси нохияи Бобочон Гафуров баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, муовинони раиси ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, сохторҳои маҳаллии он дар чамоатхои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои варзишии ноҳия ва ҷавонони фаъол ширкат доштанд.

Нахуст, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия доир ба рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки зимни баргузории ҷаласаи якуми Шўрои миллии кор бо ҷавонон баён гардидаанд, маърӯза намуд.

Ҳамзамон, дар рафти ҷаласа ҷавонони фаъол доир ба дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон суханронӣ намуда, дар маърӯзаҳояшон фикру ақидаҳои худро доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии падидаҳои номатлуб байни онҳо баён ва якчанд дархост ва пешниҳодҳои худро пешкаш карданд.

Сипас, Раиси нохия суханронӣ намуда, доир ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, иштироки бештари онҳо дар пешрафти ҷомеа ва рушди соҳаи варзиш дар байни онҳо ибрози ақида намуда, ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд ва дар охир қайд намуданд, ки ҷаласаи имрўза бо мақсади расидан ба ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, аз тамоми масъулин талаб карда мешавад, ки баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати нақшаи кори Шӯро тадбиршои муассир андешанд.

Дар охир нақшаи кории Шӯро аз ҷониби аъзоён барои соли 2019 тасдиқ карда шуд.


13.05.2019 Нет комментариев