734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мастчоҳ: Вохӯрии раиси ноҳияи Мастчоҳ бо ҷавонон

Дар доираи 20- рӯзи ҷавонӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохурии раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода бо ҷавонони ноҳия баргузор гардид.

Раиси ноҳия дар баромади хеш қайд намуданд, ки мардуми шарифи тоҷик соли ҷорӣ 27 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихормандӣ ҷашн мегирад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои хеш иброз менамоянд, ки Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи миллат ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқею мақом ва рисолати ҷавононро дар ҳаёти давлату ҷамъият ва таҷдиди рукнҳои бунёдгузори он пайваста ёдовар шуда, дар ҳар суханрониву мулоқоти хеш ҷавононро ба корҳои
созандагӣ даъват менамоянд. Воқеан, дар ҷаҳони муосир рў овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо, яке аз шартҳои асосии ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад. Имрўз ҷавонон ҳамчун нерўи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф гардида, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон эълон шудааст илова намуд,


13.05.2019 Нет комментариев