734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҳамоиши ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар

Имрӯз дар Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши реторони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва директорони муассисаҳои таҳсилоти минаи умумии кишвар бо иштироки доираи васеи ректорон ва директорони муассисаҳои мазкур дар мавзӯи “Татбиқ ва ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ” доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозола Аҳтам Рустам иштирок намуда, зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бо таҳсили муносиб фаро гирифтани ҷавонону наврасони кишвар имкониятҳои замони муосир фароҳам оварда шуда, бо талошу заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо мактабҳои таҳсилоти олиӣ ва садҳои муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки ин барои баланд бардоштани маърифати зеҳнии ҷавонону наврасон ва ба ин васли баланд бардоштани маърифатии ҳуқуқию шаҳрвандии шаҳрвандони мамлакат заминаи мусоидро фароҳам меоварад. 
Сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, татбиқи ҳамгироии он тавассути муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ тавассути фаъолгардонии худташаккулдиҳии ҷавонон ба мақсад мувофиқ мебошад. Таъсиси Шуъбаи кор бо ҷавонон дар назди донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ва роҳандозӣ намудани механизми дурусти он барои татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон заминагузорӣ намуда, барои ташаккул додани маҳорату истеъдоди ҷавонон заминаи мусоидро фароҳам меоварад- таъкид намуд Аҳтам Абдуллозода зимни суханронии хеш.

Зимни баромади хеш Давлатзода Сайфиддин муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шуда, ҷиҳати тақвияти фаъолият дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш шароитҳои мусоиди корӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои мухталифи илмӣ – адабӣ ва оммавию варзишӣ фароҳам оварда шудааст.

Имкониятҳои бадастомада дар заминаи сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷавонон фароҳам оварда шуда, дар кишвар ҳазорон муассисаҳои таълимӣ фаъолият доранд, ки барои баланд бардоштани маърифати зеҳнӣ, ташаккул додани маҳорату истеъдоди фитрӣ ва такомул додани ҷаҳонбии ҷавонон заминаи мусоидро фароҳам меоварад – таъкид намуда Давлатзода Сайфиддин.

Дар кори ҳамоиш раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ Имомзода Маҳмадюсуф дар мавзӯи “Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар мисоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон”, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Абдулло Табарӣ дар мавзӯи “Татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар мисоли Донишгоҳи давлати Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ”, Шарифзода Мумин Машокир ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Қувватов Саъдулло мудри Шӯъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар самтҳои мухталифи сиёсати давлатии ҷавонон ва роҳҳои тақвияти татбиқи босамари ин самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати кишвар андешаронӣ намуданд.


13.05.2019 Нет комментариев