734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо кормандони ҷавони вазорату идораҳои кишвар

Имрӯз дар Театри давлатии академӣ – драмавии  ба номи А.Лоҳутии шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам  бо кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо доир гардид.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки дар фазои оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ имрӯз барои кор ва фаъолият, зиндагии орому осуда тамоми имкониятҳои замони муосир фароҳам оварда шудааст. Аз мову Шумо таҳамулгароӣ, матонату ҷасорат, фидокорӣ ва азму иродаи қавӣ талаб карда мешавад, то ки дар ҷаҳони муосир тавонем бар зиди омилҳои номатлуби иртиҷоӣ, гуруҳҳои фитнаангезу ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мубориза барем.

Ваҳдату якдилӣ ва оромиву осудагӣ барои миллати тоҷик ба осонӣ ба даст наомадааст ва ин ҳама дастоварду музаффаритяҳои халқи тоҷик ба фаъолияти хастанопазири Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам мебошанд. Роҳбари давлат дар замоне ба сари қудрат омадаанд, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии бародаркӯш ҷуш мезад ва ба даст овардани Ваҳдату якдилӣ кори саҳлу осон набуд. Мо ба ин рӯзи саодат расидем ва  ҳимояи рисолати ин арзиши бузурги ватандорӣ дар дасти ҷавонони Тоҷикистон аст.

Ҷавонони Тоҷикистон дар душвортарин лаҳзаҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ намуда, саодату музаффаритҳо бо талошҳои хастанопазири Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамсафари ҳаёти зебои онҳо гардид. Акнун ин ҷавон ба сини 27 расидаву тифлакони  ин миллат дар оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ зиндагӣ доранд, ки ин самараи сиёсати оқилонаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад – таъкид намуд Аҳтам Абдуллозода.

Дар доираи мулоқот суҳати озод бо кормандони ҷавони вазорату идораҳои кишвар доир гардида, ҷавонон иброз намуданд, ки мо ҷавонон Тоҷикистон ҷонибдори сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  будем ҳастем ва хоҳем монд ва дар роҳи ҳифзи марзу бум, арзшҳои миллию давлатдорӣ агар лозим ояд синаи хешро сипар менамоем.

Дар охир, ба як қатор ҷавонони фаъол аз вазорату идораҳои кишвар аз ҷониби раиси Кумита сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуд.


10.05.2019 Нет комментариев