734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Фестивали футбол, волейбол ва баскетбол

12 майи соли 2019 дар кишвар Фестивали ҷумҳуриявии футбол, волейбол ва баскетбол  бо иштироки ҷавонону варзишгарони кишвар доир мегардад.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ пеш аз ҳама тарғибу ташфиқи тарзи ҳаёти солим, рушди ин навъҳои варзиш ва ташаккул додани ҳисси зебоипарастӣ тавассути варзиш дар замири ҷавонон мебошад.

Фестивали мазкур соли дуюм аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар роҳандозӣ карда шуда, дар доираи он шумораи зиёди чорабиниҳои дӯстонаи варзишӣ доир карда мешавад.

Имсол фестивал дар тамоми шаҳру ноҳияи кишвар доир карда шуда, дар муассисаҳои варзишии кишвар мусобиқаҳои дӯстона аз рӯи намудҳои ин навъи варзиш доир карда мешавад.

Фестивали мазкур таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир  карда шуда, дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.


10.05.2019 Нет комментариев