734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи вилоятӣ оид ба КАРТИНГРОНӢ

5 майи соли равон дар варзишгоҳи «Формула-К»-и шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар якчояги бо ширкати «Роҳи Сомон Нафт», Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Кумитаи мададгори мудофиаи вилоят мусобиқаи кушоди вилоятии картингронӣ баргузор гардид.

Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, барои дарёфти “ҶОМӢ РАИСИ ВИЛОЯТИ СУҒД” маҳорати баландӣ варзиширо нишон доданд.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримов, Раиси кумитаи мададгори мудофиаи вилоят полковник Акбар Ғанихоҷаев, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлуба Сатториён Амонзода ва директори молиявии ширкати «Роҳи Сомон Нафт» Исмоилҷон Носиров иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷамбасти мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон аз тарафи масъулин қадршиносӣ карда шуданд.


09.05.2019 Нет комментариев