734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ФЕСТИВАЛ – ОЗМУНИ ФАРҲАНГИИ ДОНИШҶӮЁН: “ИСТЕЪДОД”

Имрӯз  дар толори Донишгоҳи Милли Тоҷикистон ҷамъбасти Фестивал – озмуни фарҳангии донишҷӯён  “Истеъдод”  миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе  баргузор гардид.

      Дар фестивали мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовинони ректор оид ба тарбия, мудирони шуъбаҳои фарҳанг ва кор бо ҷавонон иштирок доштанд.

     Зимни табрикоти худ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикиситон, муҳтарам Аҳмадзода Дилнозаи Даврон зикр намуданд, ки бо дастгирӣ ва таваҷҷўҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наву эҷодкор Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” эълон ва дар се марҳила баргузор гардида истодаанд, ки ҳадафи озмуни мазкур низ дарёфт ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони соҳибистеъдод мебошад.

    Баргузории Фестивал – озмуни фарҳангии донишҷўён: “Истеъдод”, ки дар доираи Нақшаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ бахшида ба “Рўзи ҷавонони Тољикистон – 23 май” бо сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мувофиқа бо Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2019 тасдиқ гардидааст, маҳз бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав аз ҳисоби донишҷўён, ки ҳунари навозандагӣ сарояндагӣ, раққосӣ ва дигар жанрҳои миллӣ ва муосирро доранд, равона гардидааст.

    Воқеан ҳам боиси ифтихор аст, ки ҷавонони мо имрўз рў ба фарҳангу маънавиёт оварда, дарк намудаанд, ки Пешвои муаззами миллат баҳри пойдорӣ ва рушди босуръати он тамоми саъю талош ва заҳматҳои шабонарўзии хешро равона сохтаанд ва месазад, ки ҳамарўза  ин ганҷинаи бебаҳои миллат – фарҳанги пурғановату пурэъҷозро ҳифз намоем.

    Имрўз вақти он расидааст, ки дар бораи тақдири фарҳангии худ дар тамоми ҷабҳаҳо андеша намоем. Нагузорем, ки омилҳои ҷаҳонишавӣ дар мафкураи ҷавонон эътиқоду дину оин ва мудпарастиҳову тақлиди фарҳанги бегонаро ҷо созанд. Мояи ифтихор мегардад, агар аз фалаку шашамақоми классикӣ ва дигар жанрҳои миллӣ ҷавонони мо огаҳ бошанду бо ин роҳ дар интиқоли падидаҳои фарҳангӣ ба насли оянда саҳмгузор шаванд.

   Баъди сухани табрикотӣ ба ғолибони фестивал   аз ҷониби Кумита бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.


06.05.2019 Нет комментариев