734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Фестивали Ҷумҳуриявии “Гулчини сурудҳои ватандӯстона”

   Санаи 4 майи соли ҷорӣ дар амфитеатри Боғи “Ирам” Фестивали Ҷумҳуриявии “Гулчини сурудҳои ватандӯстона” бо иқдоми Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар доираи Нақшаи чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, илмиву маърифатӣ, оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ, бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикиситон,  таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид.

    Дар фестивали мазкур 1500 нафар сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва роҳбарияти вазорату идораҳо иштирок намуданд. Афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ ва ҷавонони соҳибистеъдоди фаъол бо ҳунари волои худ ҳусну таровати бештар зам намуданд.

   Қобили қайд аст, ки баргузории фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон ва ташаккул додани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва ҳуввияти миллии ҷавонон мебошад.

   Сарояндагон ва сарбозону ҷавонони боистеъдод аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо туҳфаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.


04.05.2019 Нет комментариев