734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


25000 ҳазор сомонӣ ба Баҳодур Усмонов

Имрӯз дар толори Кумитаи миллии олимпии кишвар бо иштироки чемпиони бозиҳои Осиё Баҳодур Усмонов ҷаласаи тантанавӣ  доир гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ, котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Маҳмадшо, роҳбари Клуби варзишии Ҳоҷӣ Шариф Эргаш Маҳмадбеков мураббиёну варзишгарони шинохтаи ин риштаи варзиш, экспертҳо ва намояндагони ВАО кишвар иштирок доштанд.

Зикр гардид, ки дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳо ва шароитҳои замони муосир барои варзишгарон ва мурабиён фароҳам оварда шуда, варзишгарони тоҷик метавонанд бе ягон мамоният дар мусобиқаҳои сатҳи баланди байналмилалӣ  ширкат варзанд.

Аз ҷониби Клуби варзишии Ҳоҷӣ Шариф бо мақсади ҳавасман намудани варзишгарони тоҷик ба Баҳодур Усмонов 25000 сомонӣ ва ба мураббии ӯ низ 25000 сомонӣ тақдим карда шуд.


04.05.2019 Нет комментариев