734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ –до дар Душанбе расман ифтитоҳ гардид

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои варзишӣ ва солимгардонию иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ –до имрӯз дар толори варзишии муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тайёрии олимпии дастаи мунтахаб” расман ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи ҷумҳурияви муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ 9 даста аз тамоми минтақаҳои кишвар иштирок намуда, 168 варзишгар ширкат варзиданд.

Мусобиқаи мазкур аз 1 то 2 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе доир гардида, қолибони ҷойҳои ифтихорӣ узви дастаи мунтахаби кишвар мегарданд.


01.05.2019 Нет комментариев