734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Як рӯзи велосипедронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 майи соли 2019 дар кишвар ҳамоиши ҷумҳуриявии “Як рӯзи велосипедронӣ” доир карда мешавад.

Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” доир карда мешавад.

Соли дуюм аст, ки иқдоми мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оммавияти варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди навъи велосипедронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвар 23 май доир мегард, иқдоми мазкур роҳандозӣ карда шудааст.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши мазкур пеш аз ҳама интихоби тарзи ҳаёти солим буда, аз тамоми сокинони кишвар, эҳтиромона даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ин рӯз аз автомашинаҳои сабукрав ва воситаҳои нақлиётии ҷамъиятӣ даст кашида, аз велосипедҳо истифода намоянд.


01.05.2019 Нет комментариев