734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти кор бо ҷавонон ба имзо расид

Дар Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон, ки зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия сурат гирифт, созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия ба имзо расонида шуд.

Созишнома аз ҷониби раиси Кумитаи кор бо ҷавоно ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозоа Аҳтам Рустам ва директори Агентии Федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович ба имзо расонида шуд.

Зимни баргузории созишнома Александр Вячеславович иброз доштанд, ки созишномаи мазкур ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон заминаи мусоидро фароҳам оварда, барои баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ, чорабиниҳои муштарак, табодули таҷриба ҷавонони ду кишвар ва баррасиву дастгириҳои ҷавонони ду кишвар мусоидат менамояд.

Абдуллозода Аҳтам Рустам таъкид доштанд, ки дар заминаи сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҳамкориҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо кишварҳои гуногун хуб ба роҳ монда шуда, ин созишномаҳо метавонад барои татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, баргузории чорабиниҳои муштарак заминагузорӣ намояд.


18.04.2019 Нет комментариев