734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Тоҷикистон кишвари сайёҳӣ

Дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ раиси Кумитаи рушди туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффорзода Нуъмон Абдуғаффор бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Александрова Анна Юрьевна бо ҳайати намояндагии Федератсияи Россия ҷиҳати пешниҳодҳои мухталиф дар самти рушди туризм, лоиҳаҳои гуногун вобаста ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба иштирок ва суханронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019- 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълн гардида, дар соли 2018 беш аз 1 миллион сайёҳон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Ҳайати намояндагии ҷонибҳо бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво ва пешниҳодҳои ҷолиб дар ин самт иброзӣ назар намуда, барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти сайҳии кишвар ба мувофиқа расиданд.


17.04.2019 Нет комментариев