734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Идомаи кори Форум дар шаҳри Москва

Пас аз нисфирӯзӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷиҳати муаррифии имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рушди фаъолияти волонтёрӣ, соҳибкорӣ ва туризим бо пешниҳоди лоиҳаву маърӯзаҳо Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон ба кори хеш идома бахшид.
Дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Джалалова Диана Ғайратовна ҳамоҳангсози барномаи байналмилалии “Волонтёрони ҷаҳон” – и Ассотсиатсияи марказҳои волонтёрон бо ҳайати намояндагии Федератсияи Россия бо пешниҳоди лоиҳаҳои ҷадид, таклифу пешниҳодҳои мухталифи дуҷониба барои ҳамоҳангсозӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори Форуми мазкур вобаста ба фаъолияти волонтёрӣ, амалигардонии фаъолияти ташкилотҳои ҷаъиятӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва роҳандозӣ намудани чорабиниҳои мухталифи дуҷониба ибрози назар карда шуд.


17.04.2019 Нет комментариев