734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид

Имрӯз дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Форуми ҷавонони Тоҷикистону Россия бо доираи васеи ҷавонони Россия ва Тоҷикистон расман ифтитоҳ гардид.
Дар кори Форум раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рутсам бо ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бугаев Александр директори Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия бо ҳайати намояндагии Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи Форуми ҷавонони Россия ва Тоҷикистон таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳасанаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсия Россия барои густариши ҳамкориҳои Россияву Тоҷикистон заминаи мусоидро фароҳам оварда, имрӯз ҳамкориҳои ин ду кишвари дӯсту бародар дар самти сиёсати давлатии ҷавонон дар сатҳи зарурӣ қарор доранд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдуллозода Аҳтам Рустам таъкид намуданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Багаев Александ Вячеславович аз иштироки фаъолонаи ҷавонони Тоҷикистон дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ ва дуҷонибаи Россияву Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати татбиқи як қатор лоиҳаҳо ва баргузории чорабиниҳои муштарак изҳори назар намуданд.


17.04.2019 Нет комментариев