734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Оғози сафари расмӣ ба Федератсияи Россия

Субҳи имрӯз ҳайати намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон таҳти унвони “Роҳҳои умумӣ барои иқтисодиёти оянда” ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуданд.

Форуми ҷавонони Россияву Тоҷикистон аз 15 то 17 апрели соли 2019 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар доираи баргузории 7 –умин конференсияи ҳамкории минтақавии Россияву Тоҷикистон бо доираи васеи ҷавонони Россияву Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

Дар доираи Форум масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолияти соҳибкории ҳарду кишвар ва рушди соҳаи сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Ҳамзамон, дар доираи Форум ба имзорасии созишномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии федералии кор бо ҷавонони Федератсияи Россия ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Россия дар назар дошта шудааст.


15.04.2019 Нет комментариев