734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дастовардҳои ҷавонон аз заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд

Дар Ҷумҳурии Малайзия ҷавонону наврасони тоҷик бо нишон додани беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва илмии хеш сазори ҷойи аввал гардида, аз фанни химия бошад дар ин рақобатҳо ҷавонони тоҷик миёни 25 давлати дунё сазовори ҷойи аввал ва соҳиби шоҳҷоизаи 8- умин олимпиадаи ихтироъкорони ҷавон гардиданд.
Дар ин олимпиада Тоҷикистонро Қурбонова Маҳваш (1), Кабирова Маҳноза (1), Беғамова Субҳиноз (1), Касимов Меҳроб (1), Кингаков Акмал (1), Боқиев Муҳаммад (1), Султонзода Сиёвуш (1), Муродов Фариддун (2), Муродзода Хусрав (2), Нуралиев Меҳрон (3) ва Зиёев Рустам (3) бо беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва илмӣ муаррифӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёни дастаи Тоҷикистон сазовори медалҳои ин олимпиада гардиданд.
Дар ин олимпиада, ки аз рӯи риштаҳои физика ва химия доир гардид, 25 давлати дунё иштирок намуда, ҷавонони Тоҷикистон соҳиби 7 медали тилло, 2 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин олимпиада ду нафар волонтёрони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонова Маҳваш ва Қурбонова Маҳноза иштирок намуда, созовори ҷойҳои аввал гардидаанд. Номбурдаҳо ҳамзамон гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017-2018 мебошанд.
Маҳз дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиш ва азхуднамоии донишҳои замони муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имфон фароҳам оварда шудааст ва ҷавонони Тоҷикистон низ метавонанд, ки дар баробари дигар ҷавонони олам рақобатпазир бошанд.


14.04.2019 Нет комментариев