734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ҷаласаи корӣ дар назди раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Нимаи дуюми рӯз дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти фаъолияти маҳфили доимамалкунандаи “Пайравони Пешвои миллат” дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ таҳти раёсати раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо аъзоёни маҳфил доир гардид.
Зимни баргузории ҷаласа вобаста ба фаъолияти семоҳаи кори маҳфил роҳбари маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” Шарипова Маҳинбону гузориш дода, зикр доштанд, ки маҳз бо роҳнамоиву дастгириҳои роҳбарияти Кумита дар соли 2019 барои мо имкон фароҳам омад, ки намояндагии худро дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар таъсис дода, фаъолияти маҳфилро ба таври густурда ба роҳ монем.
Раиси Кумита Абдуллозода Аҳтам барои ҷоннок намудани фаъолияти маҳфил дар шаҳру ноҳияҳо, баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ, конфронсу мизҳои мудаввар ва фестивалҳои дӯстӣ барои ҷавонони Тоҷикистон ва ҳавасманднамоии аъзоёни маҳфил бо сипосномаю ифтихономаҳо ба роҳбари маҳфил дастури мушаххас доданд.
Маҳфили “Пайравони Пешвои миллат” намояндагии худро дар 68 шаҳру ноҳияҳои кишвар таъсис дода, тибқи оморҳои расмӣ аъзоёни он беш 6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз ҷониби маҳфил зиёда аз 450 чорабиниҳои гуногун доир карда шуда, вобаста дар сатҳи баланд доир гардидани чорабиниҳо раиси Кумита ба масъулини маҳфил дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Раиси Кумита Абдуллозода Аҳтам Рустам дар охири кори ҷаласа барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба ин васила иштирок дар амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон ба аъзоёни фаъоли маҳфил изҳори сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.


12.04.2019 Нет комментариев