734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дуруст истифода намо!

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар маркази вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ ва кор бо технологияи иттилоотӣ” баргузор гардид.
Дар кори семинар мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ҷавонони фаъоли вилоят иштирок намуда, иштирокчиён бо маълумотҳои саҳеҳ дар бораи сомонаҳои иҷтимоӣ ва ҷиҳати тарзи дуруст истифода бурдани технологияи нав корҳои назарявӣ ва амалиявӣ гузаронида шуд.
Дар кори семинар кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло Маҳмадуллоев ва Салимзода Каримҷон Ҳасан иштирок намуда, моҳияти истифода шабакаҳои иҷтимоӣ дар раванди татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ва фарҳанги дурусти истифодаи технологияи иттилоотиро ба иштирокчиёни семинар омӯзониданд.
Дар рафти омӯзиш тибқи нақшаи кори семинар Зинҳор Насриддинзода роҳбари Маҳфили технологони ҷавони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи самаранокии шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили фейсбук, контакт, инстаграм, телеграм, одноклассик, твиттер ва дигар сомонаҳои иҷтимоӣ бо иштирокчиёни семинар корҳои амалиявию назарявиро роҳандозӣ намуданд.
Зикр гардид, ки риояи фарҳанги истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ барои боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
Истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоиро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи сомонаҳои иҷтимоӣ хуб огоҳ бошанд ва ба ҳар гуна гурӯҳҳои иртиҷоӣ шомил нашаванд, зеро гурӯҳҳои ҷудоиандозу ифротгаро бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои хеш дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ фаъолият дошта, маълумотҳои бардуруғ, аксу видеоҳои сохтаро бо мақсади зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додани фазои иттилоотӣ интишор менамоянд.
Дастрастарин махзани маълумот ва маводҳои зарурӣ барои татбиқи ҳадафҳои гуногун дар ҷаҳони муосири ин сомонаҳои иҷтимоӣ буда, мутассифона барномаҳои мазкур имрӯзҳо аз ҷониби гуруҳҳои гуногун ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои гуногун истифода бурда мешаванд. Шаҳрванди замони муосирро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи маълумот дар ҷаҳони нав бисёр бомаҳорат ва нуктасанҷ бошанд, зеро шахсони алоҳида ва ташкилотҳои гуногун низ метавонад, ки дар тарғиби маълумотҳои бардуруғу фитнаангез даст дошта бошанд.


12.04.2019 Нет комментариев