734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


БА ДИҚҚАТИ ТАШКИЛОТҲОИ КОР БО ҶАВОНОН ВА МАРКАЗҲОИ ҶАВОНОН!

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташктлотҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон», ки 10 майи соли 2005 №167 тасдиқ гардидааст озмуни Грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон дар самти ватанпарастии ҷавонон дар соли 2019 эълон менамояд. Дар озмун метавонанд ташкилотҳои кор бо ҷавонон ва марказҳои ҷавонон, ки аъзои ИТҶТ (ОМОТ) мебошанд, иштирок намоянд.

Маълумоти муфассалро метавонед дар сомонаи Кумита www.youth.tj дастрас намоед. Лоиҳаи дархостиро мутобиқ ба талабот барои иштирок дар Озмун ва шакли дархостии ШД№19/01 таҳия намуда, ба суроғаи зерин то 27 майи соли 2019, соати 17:00 ирсол намоянд.

Лоиҳаҳои ба талаботи озмун ҷавобгӯй набуда, баррасӣ карда намешаванд.

Танҳо шакли аслии лоиҳаи дархостӣ қабул карда мешавад.

Суроғаи Кумита:

734025, ш.Душанбе, кӯчаи Спортивная 6

Барои маълумоти иловагӣ:

Web: www.youth.tj

Email: shokhzod.rakhimov@mail.

Тел.: (+992 37) 2360117, 2351953 ва 2363726

 

дархости Грантхои Ватанпарасти Талаботи гранти ватан

Талаботи гранти Ватан


11.04.2019 Нет комментариев