734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад

2 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ дар мавзӯи “Роҳҳои расидан ба муваффақияти касбӣ” дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи  эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади тақвият  ва рушди малакаҳои касбии ҷавонон дар самти шуғлнокӣ ва интихоби касби муосир вобаста ба талаботи бозори меҳнат, таҳсилоти олӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, машғул гардидан ба тиҷорат бо тарз ва усули нав ва ҷанбаҳои нави истифодаи иқтисодиёти рақамӣ баргузор мегардад.

Дар Форуми мазкур баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои илмию техникии ҷавонон, ташкили гӯшаҳои соҳавӣ, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, пешниҳоди имкониятҳои таҳсил баҳри интихоби касби муосир, мизи гирд бо додани машваратҳои касбӣ аз ҷониби мутахассисони вазорату идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар назар аст.


11.04.2019 Нет комментариев