734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Фестивали таронаҳои ватандӯстона

Пас аз боздиди қисмҳои низомӣ ва ташкили барномаи фарҳангию фароғатии “Шоми сарбозон” санаи 10 апрели соли 2019 дар доираи Форуми хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ дар Боғи фарҳангию фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ фестивали таронаҳои ватандӯстона бо ширкати ҳунармандони машҳури тоҷик ва афсарону сарбозони қисмҳои низомии кишвар доир карда шуд.
Нахуст, меҳмонон ва иштирокчиёни форум дар назди муҷасамаи шоири тавони миллати тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузошта, сари таъзим пеши ин абармарди миллат фуруд оварданд.
Дар маросими фестивали мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилнозаи Даврон ва муовини Вазири мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш зимни суханронии хеш иброз доштанд, ки соли дуввум аст, ки бо ташаббуси Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор карда мешавад, ки ин барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон заминаи мусоидро фароҳам меоранд.
Мавриди зикр аст, ки аз 9 то 10 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе дуюмин Форуми хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷавонони синни даъватӣ бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони синни даъватӣ баргузор гардида истодааст.


10.04.2019 Нет комментариев