734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғолибияти футболбозони тоҷик бо ҳисоби калон

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол иборат аз бозингарони то 15-сола мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019”-ро дар Чин бо ғалаба оғоз кард.

Дар бозии аввали мусобиқа шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Қирғизистон 8 голи беҷавоб заданд. Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба номашон хет-трик сабт карданд. Ду голи дигарро Кабир Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода ба ҳадаф расониданд.
Дар бозии дигар дастаи наврасони Чин бар Мйанма бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард.
Дар мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар шаҳри Вэйнани Чин тими мунтахаби наврасони мо боз ду бозӣ анҷом медиҳанд – 8 апрел бо дастаи наврасони Мйанма, 10 апрел бо наврасони Чин.


08.04.2019 Нет комментариев