734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Пешниҳоди Тоҷикистон дар баррасии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

Санаи 4-5 апрели соли 2019 дар шаҳри Чолпон – Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон лоиҳаи “Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар самти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш” дар сатҳи муовинони роҳбарони мақомоти ваколатдори соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши давлатҳои аъзои СҲШ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур, роҳбарияти мақомотҳои  дахлдори давлатҳои аъзои СҲШ маҳз барои баррасии он, санаи 4-5 парели соли ҷорӣ дар шаҳри Чолпон- Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷамъ меоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур, роҳбарияти мақомоти ваколатдори соҳа, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ризо Шодӣ намояндагӣ менамояд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Созишномаи мазкур баъд аз баррасии ҳамаҷониба ва мувофиқи мақсад шуморидан ба котиботи СҲШ ҷиҳати баррасии минбаъда ба ҷаласаи сатҳи роҳбарони давлатҳои СҲШ, ки моҳи июни соли 2019 дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, пешниҳод карда мешавад.

Созишномаи мазкур барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни давлатҳои аъзои СҲШ дар самти варзиш мусоидат хоҳад кард.


04.04.2019 Нет комментариев