734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ВАРЗИШИИ ЗАМОНАВӢ ДАР ДЕҲАИ ДАЛЁНИ НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

29-уми марти соли 2019 дар деҳаи Далёни ҷамоати деҳоти Далёни Боло раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо ҳамроҳии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Деваштич Зиёзода Сулаймон Ризоӣ майдончаи варзишии замонавӣ муҷҷаҳаз бо тамоми шароити замони муосирро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони варзишии мазкур бо 200 ҷойи нишаст, дар масоҳати 946 метри мурабба бо маблағи умумии 500000 сомонӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Неъматулло Раҳматов бунёд гардидааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи ҳашар бунёд намудани иншоот ва биноҳои таъиноти гуногун ба ҳукми анъана мубаддал гардидааст. Боиси хушнудист, ки дар арафаи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон, саховатпешагон бунёди муассисаҳои таълимию табобатӣ, майдончаҳои варзишӣ, таъмири роҳҳо, сохтмони фабрикаву корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бунёди чунин босуръати корҳои созандагиву бунёдкорӣ барои муҳайё гардидани шароити мусоиди зиндагии шоиста барои аҳолии кишвар мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки майдончаи варзишии мазкур барои ҷавонону вархзишгарони деҳаи мазкур ва деҳаҳои гирду атроф онҳоро барои ояндасози ҳидояд менамоянд ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ онҳоро тарбият менамояд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич Аҳтам Абдуллозода зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки майдончаи варзишии замонавӣ барои сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст, ки ин эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ва худшиносу ватандориро дар миёни ҷавонону варзишгарон талқин менамояд. Дар ноҳияи Деваштич ба истиқболи ин ҷашни сарнавизос бунёди 300 иншооти маъмурӣ, таъиноти иҷтимоӣ, муассисаҳои таълимӣ, бунёди варзишгоҳу майдончаҳои варзишӣ, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳангию корхонаҳои истеҳсолӣ нақша гифта шудааст.
Дар охир барои саҳми арзанда дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкор Неъматулло Раҳматов ва шахсони саховатпешаи деҳа ифтихорнома ва сипоснамаҳо қадрдонӣ гардиданд.


29.03.2019 Нет комментариев