734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз 30 марти соли равон  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» баргузор мегардад.

 Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16-сола боло бо аспҳои 2, 3,  4  ва аз 4-сола болои хоҷагиҳои асппарварии ҷамъиятиву хусусии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе    иштирок   ва байни ҳам  рақобат  мекунанд.

Бояд зикр кард, ки   мусобиқаи  аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир карда мешавад. Мусобиқа бо ширкати аспҳои ватанию хориҷӣ роҳандозӣ гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойгаи мазкур фаъолона иштирок намоянд.

Ғолибонро  Шоҳҷоиза ва мукофотҳои қиматбаҳо интизоранд.

Ёдовар мешавем, ки  31 марти соли гузашта дар маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати кишоварзӣ ва Федератсияи миллии човандозони Тоҷикистон барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2018» пойгаи аспдавонӣ баргузор шуд, ки  дар он аспҳои зоти англисӣ бо лақабҳои «Рахш» ва «Шерхон-Дарк» аз Душанбе, ки соҳибашон Анӯшервони Рустам аст, барандаи шоҳҷоизаҳо — мошинҳои сабукрави тамғаи «Равон» гардиданд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони аз 16-сола боло бо аспҳои 2, 3 ва 4-сола иштирок намуда,   дар даҳ марҳила байни ҳам рақобат карданд.

Баъд аз баргузории мусобиқа Шоҳҷоиза дар байни аспҳои зоти тоҷикии аз 4-сола боло насиби  аспи тоҷикӣ бо лақаби «Гандикап» аз хоҷагии деҳқонии «Мир»-и ноҳияи Ховалинг  ва  ҷои якум насиби Анӯшервони Рустам аз шаҳри Душанбе бо аспи саворӣ бо номи «Рахш» гардид.

Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2019» аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Кумитаи  кор бо ҷавонон  ва варзиши    назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир карда мешавад.


28.03.2019 Нет комментариев