734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Шоҳҷоиза насиби Саидҷалол Саидов гардид

Имрӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти “Ҷоми пойтахт – 2019” бо доираи васеи варзишгарони кишвар расман оғоз гардид.

Дар оғози чемпионат муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷумазода Фаррух Турақул иштирок намуда, ҳамаи варзишгарон ва ҳаводорони ин навъи варзишро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик намуда, ба иштирокчиёни чемпионат барору комёбӣ таманно намуданд.

Ҳамзамон, дар маросими ифтитоҳи чемпионат мазкур раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок намуда, иброз доштанд, ки дар партави сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд ва инкишофи гӯштини миллӣ тамоми имкониятҳо ва шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Имрузҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар зери ҳидоятҳои варзишпарваронаи Пешвои маҳбуби кишвар мусобиқаҳои кушоди гӯштингирӣ доир гардида истодааст – зикр намуд Абдуллозода Аҳтам.

Дар чемпионати мазкур зиёда аз 180 нафар варзишгар аз ҳамаи дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзида, дар охир ғолибон бо  диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Мусобиқа аз 23- то 24 марти соли 2019, дар шаҳри Душанбе идома ёфта, пас аз талошу рақобатҳои дурӯза дар вазни 80 кг мақоми аввал насиби Боев Садр, мақоми дуюм насиби Абдуллоев Эраҷ ва мақоми сеюм насиби Назаров Ҳақназар гардиданд. Дар вазни 90 кг бошад мақоми аввалро Камолов Эмомалӣ, мақоми дуюм насиби Идрисов Меҳрубон ва мақоми сеюми мусобиқӣ насиби Боқиев Бежан гардид. Дар вазни 100 кг ҷойи аввал насиби Саидов Саидҷалол, ҷойи дуюм насиби Насимов Фирдавс ва ҷойи сеюмро Назриев Шарифҷон соҳиб гардид.

Ҳамин тариқ, дар вазни  +100 кг рақобатҳои ҷолибу дидани ба вуқуъ пайваста, мақоми аввалро Сафаров Одил, мақоми дуюмро Абубакр Раҳмонов ва мақоми сеюмро Амирхонов Шоҳрух соҳиб гардиданд.

Барои ғолиби мутлақи чемпионати мазкур шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрави мерседес бенс аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузошта шуда буд, ки онро варзишгари маъруфи кишвар  Саидҷалол Саидов соҳиб гардид.

Дар вазни мутлақ сазвори ҷойи дуюм Фирдавс Насимов гардида, ҷойи сеюмро Назриев Шарифҷон соҳиб гардид.

 Шоҳҷоизаро муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷумазода Фаррух ба варзишгари маъруфи кишвар Саидҷалол Саидов супориданд.


24.03.2019 Нет комментариев