734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


830 адад чорабиниҳои варзишӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Дар доираи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ, чампионатҳои шаҳрию ноҳиявӣ, вилоятиву мусобиқаҳои кушоди ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар онҳо шумораи зиёди варзишгарон, алоқамандони варзиш ва ҳаводорони риштаҳои гуногуни варзиш ширкат варзиданд.

Ҳамин тариқ, дар арафаи таҷлили Наврӯзи хуҷастапай аз ҷониби Кумита дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар 830 адад чорабиниҳои варзишӣ дар саросари ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардида, идомаи мусобиқаҳои варзишӣ дар саросари кишвар то 30 марти соли 2019 бомаром идома меёбанд.

Дар шаҳри Душанбе дар майдончаҳои навбунёди варзишӣ то 30 марти соли 2019 баргузории 193 чорабинии варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин иқдом бо доираи васеи ҷавонону наврасон ва варзишгарони шаҳри Душанбе  идома ёфта истодаанд.

Иқдоми мазкур дар доираи ҳамкориҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо вазорату идораҳои ҷумҳурӣ роҳандозӣ карда шуда истодааст.


23.03.2019 Нет комментариев