734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Далерии Далер дар Уланбатор дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Варзишгари Тоҷикистон Далер Ризозода дар Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни ҷавонони то 23-сола сазовори медали нуқра гардид.

Далер – ягона намояндаи Тоҷикистон – дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ, вазни 72кг нахуст бар варзишгари Ҳиндустон Ашу Ашу (9:0), сипас бар намояндаи Муғулистон Телмен Пуревбаатар (9:0) ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Дар нимфинал бар варзишгари Қирғизистон Бек Конурбоев бо ҳисоби 6:4 дастболо шуда, ба финал роҳ ёфт, вале дар қувваомоӣ барои медали тилло аз намояндаи Эрон Амин Ковиёнинажод шикаст хурд (0:9) ва ҷои дуюмро ишғол кард.
Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни ҷавонони то 23-сола 21 март дар шаҳри Уланбатори Муғулистон шуруъ гардид ва то 24 март идома меёбад. Дар чемпионат варзишагрони 11 давлати Осиё иштирок доранд.


23.03.2019 Нет комментариев