734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Ғолибияти донишҷӯёни тоҷик дар Фестивали байналмилалии “Наврӯз”

Аз 13 то 21 марти соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳои шаҳри Москваи Федератсияи Россия Фестивали донишҷӯён бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии “Наврӯз” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Эрон, Эквадор, Албания, Туркманистон ва Афғонистон иштирок намуданд.
Фестивали мазкур аз ду бахш иборат буда, бахши аввал намоиши дастоварду ҳунарҳои мардумӣ буда, бахши дуюми он аз барномаи фарҳангии ҳунарӣ иборат буд.
Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳо бо доираи васеи донишҷӯёни тоҷик дар ин фестивал намоиши молу маҳсулот ва таомҳои миллии тоҷиконаро ба намоиш гузошта, дар барномаи фарҳангӣ бо суруду тарона ва рақсҳои ҷазоби тоҷикона ширкат варзиданд.
Ҳамин тариқ дар фестивали мазкур донишҷӯёни тоҷик бо гирифтани унвони “Беҳтарин намоишгоҳи миллӣ” шарафёб гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби аъзоёни маҳфил дар Федератсияи Россия бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабиниҳои гуногун доир карда шуда истодааст.


23.03.2019 Нет комментариев