734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳонии қаиқронӣ иштирок доранд

Шурӯъ аз имрӯз, 23 март то 25 марти соли равон дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон Ҷоми кушоди ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи мазкур муайян  гардида, дар Ҷоми кушоди ҷаҳон ҷумҳурии моро 4 варзишгар — Зоҳирҷон Набиев, Шаҳриёр Даминов, Нурмуҳаммади Тоҳир ва Мустафо Даминов бо роҳбарии раиси федератсияи қаиқронии Тоҷикистон Файзулло Шарипов намояндагӣ  мекунанд.

Иштирок дар Ҷоми ҷаҳон дар Бҳопал барои қаиқронҳои мо аввалин мусобиқаи таҷрибавӣ қабл аз Чемпионати ҷаҳон аст, ки моҳи август дар Венгрия баргузор мегардад.

Варзишгарони мо ҳамчунин моҳи май дар ду марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Полша ва Германия иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати ҷаҳон варзишгароне, ки ҷойҳои аз 1 то 5-умро ишғол менамоянд, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мегарданд.


23.03.2019 Нет комментариев