734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ

Дар шаҳри Норак марҳилаи ниҳоии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ бо садо додани мусиқии мутантан оғоз гардид.
Дар мусобиқаи мазкур гӯштингирон аз тамоми дастаҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок дошта, мухлисону ҳаводорони ин навъи варзиш дар макон ҷамъ омаданд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ карда шуда истодааст.
Пеш аз оғози мусобиқа Суруди миллӣ садо дода, ҳайати дастаҳо ба майдон ворид гардиданд.
Ҳамзамон, дар ин мусобиқа беҳтарин доварон аз тамоми гушаву канори мамлакат гуштингирии варзишгаронро доварӣ менамоянд.

Дар мусобиқаи мазкур қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Бразилия – 2016, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Дилшод Назаров иштирок доранд.

шаҳри Норак


20.03.2019 Нет комментариев