734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалиии Наврӯз дар кишвар санаи 16 марти соли 2019 марафони велосипедронӣ ва дави наврӯзӣ бо доираи васеи варзишгарони касбӣ, дӯстдорони варзиш ва сокинони маҳаллӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар роҳандозӣ карда мешавад.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур пеш аз ҳама сазовор таҷлил намудани иди аҷодии миллати тоҷик – Наврӯзи байналмилалӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна омилҳои номатлуби иртиҷоӣ ва рушди навъи варзиши велосипедронӣ мебошад.


14.03.2019 Нет комментариев