734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Пойтахтамонро зеби дунё мекунем!!

Муддати чанд рӯз аст, ки аз ҷониби маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”- и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар боғҳои фарҳангию фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе вобаста ба риояи маромномаи сокини пойтахт гурӯҳи волонтёрон ба корҳои фаҳмондадиҳӣ машғул мебошанд.

Тавре ҳамагон медонанд дар арфаи ҷашни байналмилалии Наврӯз шумораи меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба пойтахти кишварамон зиёд гардида, аз меҳмонону сокинон даъват ба амал оварда мешавад, ки риояи маромномаи пойтахтро, ки аз ҳар як шаҳрванд ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти бузургро талаб менамояд, риоя намоянд.

Ҳамзамон, дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ дар боғҳои мазкур аз ҷониби волонтёрони Кумита аксияҳои тозагӣ таҳти унвони “Пойтахтамонро зеби дунё мекунем” роҳандозӣ гардида истодааст.


14.03.2019 Нет комментариев