734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Туҳфаҳои Наврӯзӣ ба сокинони ноҳияи Рашт

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 дар ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳияи Рашт чорабиниҳои гуногуни оммавию варзишӣ, мулоқоту вохӯриҳо, аёдати шахсони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои эҳтиёҷманд баргузор карда шуда истодааст.
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар 14 ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия бо усули “Деҳа ба деҳа” мулоқоту вохӯриҳо гузаронида шуда истода, ба шахсони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои эҳтиёманд аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз туҳфаҳои идона тақдим карда шуда истодааст.
Сокинони заҳматқарини ноҳияи Рашт дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ ин иқдомро бо хушнудӣ истиқбол намуда, ба Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.
Мулоқоту вохӯриҳо ва баргузории чорабиниҳои гуногун дар ноҳияи Рашт бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бомаром идома доранд.

 

 

 


13.03.2019 Нет комментариев