734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


БЕҲТАРИН ВОЛОНТЁРИ ҲАФТА

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҷомеа дастгирӣ ёфта, ташаббусу иқдомоти онҳо аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ меёбанд.
Муддати чанд сол аст, ки дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи босамарисиёсати давлатии ҷавонон аз рӯи принсипи “Ҳамсол ба ҳамсол” маҳфилҳои гуногун фаъолият доранд, ки шумораи зиёди ҷавонон аъзои доимии ин маҳфилҳо мебошанд.

Маҳфилҳои “Пайравони Пешвои миллат”, “Адибони ҷавони эҷодкору навқалам”, “Ҳаҷвнигорони ҷавон”, “Технологони ҷавон”, “Стипендиатҳои Президентӣ” ва “Шӯрои духтарон” аз зумраи он маҳфилҳоест, ки дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш таъсис дода шуда, садҳо нафар ҷавонону наврасон аъзоёни ин маҳфилҳо буда, дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои гуногун ва татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш саҳмгузор мебошанд.

Ин гурӯҳи ҷавонон, ки бемузд ба манфиати халқу миллат хизмат менамоянд, дар давоми чанд соли охир чорабиниҳои гуногунро роҳандозӣ намуда, пайваста аз ҷониби Роҳбарияти Кумита дастгирӣ меёбанд. Волонтёрони Кумита бо мақсади ҳавасманднамоӣ ва дастгирии ин қишри ҷомеа ба сафарҳои дохилию хориҷӣ, лагерҳои омӯзишӣ, чорабиниҳои тантанавӣ сафарбар гардида, маҳорату малака ва истеъдоду ҳунари хешро сайқал медиҳанд.

Аз ҷониби Кумита бо мақсади ҳавасманднамоӣ ва дарёфти беҳтарин волонтёрон озмуни “Беҳтарин волонтёри ҳафта” баргузор карда шуда, дар давоми ҳафта фаъолияти ҳар як волонтёрро мавриди омӯзиш қарор дода, беҳтарин волонтёри ҳафта муайян карда мешавад.
Дар ин ҳафта дар озмуни “Беҳтарин волонтёри ҳафта”
Нуриддин Назаров донишҷӯӣ курси сеюми Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ғолибиятро ба даст овардааст.

Номбурда фаъолияти волонтёриашро дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз моҳи апрели соли 2018 оғоз намуда, дар ин муддат ӯ тавонист, худро ҳамчун як ҷавони ташаббускору хайрхоҳ, ватандӯсту ризокор нишон дода, ғолиябиятро дар озмуни мазкур ба даст оварад.
Пештар дар ин озмун Доловар Холиқов, Ҳасан Ваҳобов, Завқия Мушхулова ва Довуд Ғоибов ғолибиятро ба даст оварда буданд.


13.03.2019 Нет комментариев