734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Натиҷаи иштироки дзюдочиёни тоҷик дар “Paris Grand Slam”

 9-10 феврал дар шаҳри Парижи Фаронса мусобиқаи Гран Слам оид ба дзюдо баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик иштирок намуданд.

Дар мусобиқа 570 варзишгар (334 мард, 236 зан) аз 97 давлати дунё ширкат намуданд. Ҷумҳурии моро 4 варзишгар – Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳар ду вазни -73кг), Комроншоҳ Устопириён (-90), Саидҷалол Саидов (-100кг) намояндагӣ карданд, аммо дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Беҳрӯз ва Сомон дар қувваозмоии вазни -73кг дар даври аввал бар рақибонашон аз Урдун ва Нидерланд ғалаба карда, дар даври дуюм Беҳрӯз аз варзишгари юнонӣ Ҷорҷиос Азоидис ва Сомон аз паҳлавони ҷопонӣ Соиши Ҳашимото, ки ғолиби ин вазн гардид, мағлуб шуданд. Комроншоҳ ва Саидҷалол дар даври аввал шикаст хурданд.

Ҳамин тариқ, Беҳрӯз Хоҷазода ва Сомон Маҳмадбеков барои як пирӯзӣ соҳиби 60-холӣ, Комроншоҳ Устопириён ва Саидҷалол Саидов барои иштирок соҳиби 5–холии олимпӣ гардиданд. Мавқеи Комроншоҳ ва Беҳрӯз дар раддабандии олимпӣ якзинаӣ, мавқеи Саидҷалол 3 зина паст гардида, мавқеи Сомон бошад 6 зина баланд шуд.

Дар ҳисоби даставӣ Ҷопон бо 5 медали тилло, 3 нуқра, 7 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Фаронса бо 2 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 2 тилло, 3 биринҷӣ ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карданд. Умуман, варзишгарони 21 давлат сазовори медали мусобиқа гардиданд.
Акнун варзишгарони мо ба ҷамъомадҳои машқӣ-таълимии байналмилалӣ фаро гирифта шуда, ба Гран Слами Дюсселдорф (Олмон), ки 22-24 феврал доир мегардад, омодагӣ мебинанд.


13.02.2019 Нет комментариев