734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


«СИДҚАН СИПОСГУЗОРЕМ!». Роҳбарияти КФ «Истиқлол» ба мухлисони худ, ки барои ҳаводории даста ба Олмалиқи Ӯзбекистон рафтанд, изҳори миннатдорӣ намуд

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе 12 феврал дар сафар дар бозии марҳилаи муқаддимотии Лигаи чемпионҳои АФК-2019 бо  дастаи АГМК-и Ӯзбекистон вохӯрда, бозиро  бо ҳисоби 2:4 бохт. Қобили зикр аст, ки чемпиони Тоҷикистон дар ҷараёни бозӣ ду маротиба бо ҳисоби 1:0 ва 2:1 ба пеш баромад, вале пирӯзиро нигоҳ дошта натавонист.

Барои ҳаводорӣ ба дастаи дӯстоштаи худ теъдоди зиёди мухлисони   дастаи мо  ба шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон рафтанд ва то лаҳзаи охирин «Истиқлол»-ро дастгирӣ намуданд. Имрӯз роҳбарияти даста тариқи сомонаи худ ба онҳо изҳори миннадорӣ намуда, чунин нигоштааст:

«Клуби футболи «Истиқлол» барои дастгирии ҳамаҷониба дар бозӣ муқобили АГМК ба шумо, мухлисони гиромӣ миннатдории самимонаи худро баён менамояд. Мо аз ҳамаи он мухлисоне, ки садҳо километр роҳро паймуда, ба дастгириямон омаданд, сидқан сипосгузорем. Ба ҳамаи онҳое низ, ки дар хона пеши оинаи нилгун нишаста, моро ҷонибдорӣ карданд, изҳори ташаккур мекунем.

Афсӯс, ки дар бозии охир муваффақ нашудем натиҷаи хубро ба даст оварда, шуморо хурсанд созем. Аммо, дар ҷои худ наистода, кӯшиши пешравӣ карданро дорем. Ба қарибӣ бозиҳои марҳилаи гуруҳии Ҷоми АФК-2019 оғоз мешаванд ва «Истиқлол» барои дар ин мусобиқа хурсанд намудани  мухлисони худ тамоми талошҳоро хоҳад кард».


13.02.2019 Нет комментариев