734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид

12 феврали соли 2019 дар маркази матбуотии  Агентии миллии “Ховар” нишасти матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид .

Дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам иштирок намуда, ба саволҳои хабарнигорон ва журналистон посух гардониданд.

Зикр гардид, ки Кумита дар натиҷаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусию соҳибкорони ватанӣ ва ВАО дар самти татбиқи амалии сиёсати сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2018 27198 чорабинӣ бо фарогирии 5,442821 нафар сокинони ҷумҳурӣ баргузор намудааст, ки дар самти кор бо ҷавонон 18217 чорабиниҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангиву маърифатӣ, омўзишию илмӣ, сиёсию иттилоотӣ бо фарогирии 2871712 нафар наврасону ҷавонон ва дар самти соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила оммавигардонии варзиш 8981 чорабиниҳои варзишӣ бо фарогирии 2062274 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 413339 нафар бонувон амалӣ гардонида шуд.

Таъкид гардид, ки дар маҷмуъ дар соли 2018 варзишгарони тоҷик 467 медал ба хазинаи варзиши кишвар ворид намудаанд.

Вобаста ба дастовардҳои варзишгарон дар дар соли 2018 Комиссияи унвондиҳии Кумита 3 маротиба моҳи май, август ва ноябри соли 2018 437 ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани унвони варзиши пешниҳод гардида буданд, мавриди баррасӣ қарор дод.

 Дар натиҷа ба 63 нафар “Номзади Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба 141 нафар “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба 47 нафар “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ” ва ба 20 нафар унвони фахрии “Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба 25 нафар “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.


12.02.2019 Нет комментариев