734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Дар ин ҳафта 260 машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ дар кишвар роҳандозӣ гардид

Санаи 9 феврали соли 2019 дар машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ дар кишвар зиёда аз 19234 нафар ҷавонону варзишгарон, мураббиёну масъулини соҳаи варзиш, кормандони вазорату идораҳо,  ташкилоту муассисаҳо ва сокинони кишвар иштирок намуданд, ки аз ин шумора 6793 нафарашонро бонувон ташкил медоданд. Дар кишвар дар ҳафтаи сипаригардида 260 машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ роҳандозӣ  гардид.

Дар вилояти Хатлон 5120 нафар, дар Суғд 4128 нафар, дар ВМКБ 585 нафар, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад ин нишондиҳанда ба 4144 нафар баробар аст.

Иқдоми мазкур дар шаҳри Душанбе низ роҳандозӣ карда шуда истодааст, ки шумораи иштирокчиёни машқҳои пагоҳирӯзӣ дар ин ҳафта ба 5257 нафарро ташкил медод.


11.02.2019 Нет комментариев