734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Вокуниши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мақолаи рӯзномаи “Тоҷикистон” дар мавзӯи “Федератсияҳои варзишӣ: раисони онро кӣ медонад?”, ки санаи 23 январи соли 2018 дар шумораи №4 ба нашр расидааст

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш мақолаи  «Федератсияҳои варзиш: раисони онро кӣ медонад», ки аз 23 январи соли 2019, №4(1307) дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Кумита ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба танзими фаъолияти федератсияҳои варзишӣ бо дарназардошти муқаррароти қонунгузорӣ, моддаҳои 7, 12, 13, 15 -и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, талаботи Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2015, №624, ҳамзамон моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» маълум менамояд, ки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатии бақайдгирандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва Кумита ҳамчун масъули аз аккредитатсия давлатӣ гузаштани федератсияҳои варзишӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҷараёни соҳибҳуқуқ эътироф гаштан ва пайдо намудани ҳуқуқи пурраи амалкунии федератсияи варзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва вазифадор мебошанд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои болозикр маълум менамоем, ки фаъолияти федератсияҳои варзишӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ, худидоракунӣ ва қонуният ба роҳ монда шуда, Кумита тибқи талаботи Низомнома оид ба аккредитатсияи давлатии федератсияи варзишӣ фаъолиятро дар доираи талаботҳои аккредитатсия ба роҳ монда бо ташкилотҳои аз аккредитасия гузаштагӣ шартномаи ҳамкориро ба роҳ мемонад ва фаъолияти дигар ташкилотҳои ҷамъиятии варзишие, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштагӣ нестанд, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Новобаста аз ин, бо дарназардошти дархости Шумо рўйхати федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар феҳристи ташкилотҳои ҷамъиятии варзишӣ қарор доранд, барои маълумот пешниҳод карда мешавад.

Рӯйхати федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Бахши таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


11.02.2019 Нет комментариев