734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


ВОПАСГАРОЁН. Файласуфи маъруфи тоҷик Нуриддин Шаҳобиддинов худро босмачӣ номидани иддае аз «озодандешон»-ро иқдоми асримиёнагӣ, ақидаи беморгунаи динӣ, тангназарӣ, таассуб, бемоягӣ ва бенавогии андеша меномад ва мегӯяд ин «аз фақр ва заифии онҳо гувоҳӣ медиҳад»

Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишманди маъруф, доктори илмҳои фалсафа Нуриддин  Шаҳобиддинов 9 феврал дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook мақолаеро ҷой додааст, ки барои бисёр рӯшанфикрони мо метавонад намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ бошад. Ба хотири худогоҳӣ ва бедории миллӣ мо ин мақоларо бо андаке ихтисор пешниҳоди хонандагони худ мегардонем.

Хотиррасон мешавем, ки Нуриддин Шаҳобиддинов рисолаи докторияшро дар донишгоҳи Грайсфалди Олмон ҳимоя кардааст. Ӯ муаллифи китобу рисолаҳо дар мавриди Зардушт, Ибни Сино, Суҳравардӣ, Нитше, афкори фалсафии тоҷик ва Ғарб,  донандаи забонҳои русӣ, олмонӣ ва англисӣ мебошад. 

I. Озодандешии фаронсавӣ ва озодандешии тоҷикӣ

Дар оғоз мехостам як чизи ниҳоят кучак нависам ва озодандеши фаронсавӣ (дар мисоли Волтер)-ро бо озодандешони тоҷик муқоиса намоям. Сабаби ин муқоиса он аст, ки ҳам озодандешони фаронсавӣ ва ҳам озодандешони тоҷик дар Англия зиндагӣ кардаанд. Волтер ва дигар озодандешони фаронсавӣ волотарин идеяҳоро аз Англия ба Фаронса оварданд ва бо инқилобе ҳам барои Фаронса ва ҳам башарият як саҳифаи тоза, ки рӯй ба оянда дорад, кушоданд, аммо озодандеши тоҷик пас аз сипарӣ кардани умри худ дар Лондон бо шиори «ман босмачӣ ҳастам» бемоягӣ ва бадбахтии худро ба намоиш гузошта истодааст. Маҳз ҳамин нуқта маро водор намуд, ки ин ду чизро мавриди муқоиса қарор диҳам. Волтер ва ҳамраҳонаш исбот намуданд, ки онҳо дар Англия озод ва дорои вусъати назар буданд, аммо «озодандеш»-и мо собит гардонид, ки озод нест ва аз вусъати назар низ маҳрум мебошад.

Мутаассифона навиштаи ман аз доираи ин ҳадафи ибтидоӣ берун гардид ва доираи васеътари мавзӯъро фаро гирифт. Дар идома ҳадаф танҳо озодандеши дар Лондон ва ё Англия зиндагӣ мекарда нест, балки он ба истилоҳ озодандешони урупоӣ мебошад, ки шиори «ман босмачӣ ҳастам»-ро дунболагирӣ доранд.

Аслан ман мехоҳам, ки на манн, балки худи ин «даъвогарон» худро бо Волтер муқоиса намоянд. Чаро бояд муқоиса намоянд? Зеро муқоиса яке аз методҳои мантиқӣ барои шинохт мебошад, тавассути муқоисаи андешаҳо, ормонҳо, бархӯрдҳо бо воқеиятҳои дирӯза ва имрӯза имкони хубтар шинохтани асолати рӯшанфикрон вуҷуд дорад.

Волтер ва дигар маорифпарварони фаронсавӣ бо воқеияти замони худ муносибати эътирозӣ доштанд ва дар фикри дигаргунии он меандешиданд. Ба истилоҳ «озодандешон»-и мо низ дорои муносибати эътирозӣ ҳастанд ва дар фикри тағйирот. То ин ҷо шабоҳат ба назар мерасад, аммо фарқият он ҷо оғоз меёбад, ки онҳо ба кадом идея ва арзишҳо тамоюл пайдо менамоянд.

Волтер аз Англия чӣ бардошт кард ва «озодандешон»-и мо чӣ бардоште кардаанд?

Волтер ҳамагӣ се сол дар Англия буд, аммо инҳо як умр. Волтер ва дигар рӯшанфикрон ба осори Нютон, Франсиз Бекон, Ҷон Локк, Томас Ҳобс ва дигарон таваҷҷуҳ намуданд, аммо чунин ба назар мерасад, ки ба истилоҳ «озодандешон»-и мо ҳеҷ вақт ба ҳеҷ як назароти пешрафтаи сиёсӣ ва ё иҷтимоии дар Англия ва Урупо мавҷудбуда таваҷҷуҳ нанамудаанд, то андозае ба буҳрони тозаандешӣ гирифтор ҳастанд, ки берунтар аз тасаввуроти асримиёнагии худ иқдоми фарохтаре анҷом надодаанд.

Агар Волтер бо идея ва ҳадафҳои худ нишон дода бошад, ки ӯ як осмон ва як хуршед аст, пас «озодандешон»-и мо нишон доданд, ки маънаван як варта ва як зулмоте беш нестанд. Агар онҳо дар ягон мамлакати таассубии шарқ зиндагӣ мекарданд ва чунин шиорҳо мепартофтанд, онҳоро фаҳмидан мумкин буд, аммо чун аз Лондон истода, чунин иқдомҳоро пиёда мекунанд, дар ҳақиқат ҳам онҳоро фаҳмидан ғайриимкон мебошад.

Озодандеш, оне ки масъулияти андеша кардан дар мавриди сарнавишти миллатро дар сар дорад, ҳамон вақт асолатнокии худро нишон медиҳад, ки агар сари андешаҳо ва арзишҳои воло андеша намояд ва дар муносибат бо онҳо тасмимгирӣ намояд. Агар «озодандеш» ба тафсири воқеаҳо мепардозад ва бо фактҳои таърихӣ худро машғул медорад, он гоҳ ӯ аз бемоягии худ дарак медиҳад. Таваҷҷуҳи ҳамаи озодандешони боасолати башариро дар ҳар давр маҳз идея ва арзишҳои воло ба худ ҷалб намудааст ва, ба ибораи дигар, онҳо ҳамеша бо таърихи фикри башар сару кор гирифтаанд, на бо таърихи хушки воқеаҳо.

Ҳеҷ як озодандеш ва рӯшанфикри ҷаҳонӣ, ба ҷуз аз «озодандешон»-и мо ба ҳодисаҳои алоҳида худро маҳдуд накардааст. Ҳамаи онҳое, ки дар сарашон фикри   дигаргунӣ буд, ҳамеша ба идея ва арзишҳои волои башарӣ тамоил пайдо намудаанд. Озодандешон ва таҷдидгарони муваффақи ҷаҳонӣ ҳамеша аз ҳудудҳои маҳдуди қавмии худ мерун баромада, идеяҳо ва арзишҳоеро, ки барои раҳнамунии башар ба сӯи пешрафт ва инкишоф мусоидат намудаанд, ҳама гуна марзҳо ва монеаҳоро шикастаанд.

Барои он ки ин фикри худро мо асоснок гардонем дар бахши минбаъда мо тавассути як сайри кучаки таърихӣ рамӯзи инкишофи маънавиёти башарият ва рисолати озодандешон дар онро ба тариқи нисбатан умумӣ матраҳ мегардонем.

II. Ба дунболи андеша ва идеяи воло

Рӯшанфикри ҳар давр ҳамеша ду чизро ҳадаф қарор медиҳад: якум, андешаҳои волои башарӣ дар мавриди инсоният ва башарият ва дувум, чӣ гуна ин андешаҳои волоро барои (манфиати. – тавз. АМИТ «Ховар»)  миллати худ истифода намояд. Аммо «озодандеш»-и мо баръакси ин тамоюлро ихтиёр кардааст. Ҳангоми хондан хонандаи азиз дар ҳар маврид мисолҳои зикршударо дар зеҳни худ бо «озодандешон»-и мо муқоиса намояд.

1. Фридрих Нитше дар айёми ҷавонӣ бевосита ба масъалаи рӯшанфикрӣ таваҷҷуҳ менамояд. Ӯ рӯшанфикрони замони худро «рӯшанфикрони воруна» номгузорӣ менамояд, зеро ба фикри ӯ онҳо ҳама чиро доро буданд, ба ҷуз аз рӯшангарӣ. Нитше махсусан онҳоеро интиқод менамоянд, ки вопасгароӣ намуда, ба ҳодисаҳои таърихӣ мечаспанд. Ӯ барои нишон додани намунаи асили рӯшанфикр файласуфони пешазсуқротии Юнони Бостонро мисол меоварад. Инҳо Фалес, Анаксемандер, Гераклит, Пифагор, Парменид ва ё Демокрит мебошанд, ки онҳо бо маҳдудаи фарҳанги худ қонеъ нагардида, ҳар кадом ба фарҳангҳои гуногуни Шарқи Бостон рӯ меоваранд ва андешаҳои гуногуни фалсафиро, ки дар худи ин давлатҳои шарқӣ дар шакли хом, носуфта ва ибтидоӣ қарор дошт, ба Юнонзамин меоваранд, ин ақидаҳоро сайқал медиҳанд ва дар шакли зебо пешкаши ҳамагон мегардонанд. Асолати ин бузургони пешазсуқротӣ то он андоза буд, ки онҳо аз ғалбери душманони худ, яъне Афлотун ва Арасту мегузаранд, аммо заррае аз бузургии онҳо кам намегардад ва баръакс дурахшонтар мегарданд. Агар онҳо бо таассуби миллӣ ва нажодии худ худро маҳдуд менамуданд ва чизакҳоеро аз муборизаҳои юнониҳо бар зидди эрониҳо асос қарор дода, раҷазхонӣ ва мухахрафотнависӣ менамуданд, он гуна ки «озодандешон»-и бемояи мо имрӯзҳо анҷом медиҳанд, ҳеҷ вақт аз худ чеҳраҳои мондагори башарӣ боқӣ намегузоштанд.

2. Дар асрҳои 5 ва 6-ум, яъне каме пештар аз пайдоиши ислом ва  асрҳои аввали пайдоиши ислом мутарҷимон ва андешамандони суриёнӣ ва эронӣ айнан ҳамин амалро анҷом медиҳанд ва мероси юнониро бо забони суриёнӣ, паҳлавӣ ва сипас арабӣ тарҷума менамоянд. Ин мерос боиси ба вуҷуд омадани тамаддуни исломӣ мегардад. Шикаст ва беранггардии ин наҳзати фарҳангӣ замоне оғоз гардид, ки таассуби мазҳабӣ ва миллӣ боло мегирад.
Дар асрҳои миёна бошад урупоиҳо ба мероси исломӣ ва юнонии ба забони арабӣ тарҷумагардида рӯй меоваранд ва тамоми онро тарҷума ва тафсир менамоянд, ки зербинои марҳалаи нави тамаддунро ба вуҷуд меоварад.

3. На танҳо фарҳанг дар умум, балки онҳое, ки даст ба инқилобҳои ҷаҳонӣ низ задаанд, ҳамеша дар ҷустуҷӯи идеяҳои олӣ будаанд ва маҳз идеяҳои олии башариро сармашқи кори худ қарор додаанд. Албер Камю дар асари «Инсони исёнӣ», ки мафҳуми исён дар табиати инсонро таҳлил  кардааст,  зикр менамояд, ки сарчашмаи асосии ғоявии Инқилоби Кабири Октябр (1917) ин таълимоти диалектикии Гегел мебошад.

4. Ҷолибтар аз ин Инқилоби Кабири Фаронса (1789) мебошад, ки тақдири он низ бо андешаи волои мутафаккирон гиреҳ хӯрдааст. Дар асри ҳабдаҳум Фаронса аз давлатҳои таассубии Урупо ба ҳисоб мерафт ва дорои чаҳор хусусияти асосӣ буд: шоҳи мутлақгарои Луи 14-ум, қалъаи Бастилия, мактубҳои махфӣ, ки ҳар кадом сарнавишти нафареро ба тариқи фоҷиавӣ барбод медод ва ниҳоят таъсири ниҳоят сахти масеҳият. Аммо дар ин замон пешрафт дар Англия назаррабо буд. Англия дар ин давра аллакай дорои Нютон, Франсиз Бекон, Ҷон Локк ва Томас Ҳобс буд. Ин андешамандон аллакай тавониста буданд, ки дар ватани худ тафаккури илмиро ба вуҷуд оваранд ва илмро барои беҳбудии ҷомеа сафарбар намоянд, зеҳнияти инсонҳоро аз хурофотҳои анъанавии асримиёнагӣ озод созанд, идеяи озодиро фарогир  кунанд, фарҳанги сиёсӣ ва шуури сиёсиро то андозае боло баранд, ки ҳар як нафар худро дар шаклгирии сиёсат саҳмнок медонист, идеяи баробарҳуқуқии шаҳрвандон фақат ба хотири шаҳрванд будан ва ба ин монанд идеяҳои умумиинсониро ба вуҷуд оварданд ва амалӣ гардониданд.

Муҳимтар аз инҳо чизи дигар аст: фаронсавиҳо нисбат ба чунин пешрафти англисҳо таассуб нишон надоданд, балки, баръакс, ба Англия омада, ҳамаи ин афкори пешқадамро азхуд намуданд ва пас аз баргашт тавонистанд, ки тавассути бедор сохтани огоҳии фаронсавиҳо мутлақияти сиёсӣ ва диниро барҳам диҳанд ва озодии воқеии инсон дар ҷомеа, шуури сиёсӣ ва фарҳанги иҷтимоиро ба вуҷуд оваранд, ки дарвоқеъ марҳалаи нави башариятро ба вуҷуд оварданд.

5. Фаронсавиҳо идеяҳои волои илмӣ, сиёсӣ, инсонӣ ва иҷтимоиро аз Англия ба Фаронса оварданд. Аммо ин идеяҳо аз Фаронса ба ҳар гӯшаи ҷаҳони мутамаддин паҳн мегардад. Императори Рассия Екатаринаи дувум, Императори Австрия Йосифи дувум ва бахусус Императори Пруссия Фридрихи дувум ба афкори маорифпарварони фаронсавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ақидаҳои пешқадами онҳоро меписанданд.
Бенямин Франклин ва Томас Ҷеферсон дар баҳсҳои илмӣ ва сиёсии маорифпарварон иштирок менамуданд ва идеяҳои олие,ки аз ин суҳбатҳо мебардоштанд, минбаъд дар Эъломияи Озодӣ ва махсусан дар Сарқонуни Амрико ҷойгир менамоянд.

Хонандаи азиз бояд ин ҷо як муқоисаи мухтасар анҷом диҳад, бубинад ки саромадони ҷаҳони нав ва ҳама гуна тағйирот ҳамеша кӯшидаанд, ки андешаи воло, идеяи воло ва арзишҳои волоро дунболагирӣ намоянд. Аммо «озодандеш»-и мо, баръакс, як ҳодисаи стихиявии сардаргум ва як давлати оқибмондатарини ҷаҳониро (манзур: Аморати Бухоро – тавз. АМИТ «Ховар») ормон қарор дода, сари он ҳангомаҳо барпо карда истодаанд. Ин шеваи бархӯрд худ нишон медиҳад, ки «озодандеш»-и мо то чӣ андоза буҳронӣ ва бунбастӣ мебошад.

III. Андешаи бунбастӣ

Оне, ки «озодандеш»-и мо наметавонад аз андешаи воло истиқбол намояд, на хосияти алоҳидаи ӯст, балки як хусусияти андешаи шарқӣ, бахусус исломӣ мебошад. Тарғиб ва таърихнигорӣ дар мо ончунон бомаҳоратона анҷом дода мешавад, ки гузашта ба тариқи идеалӣ тасвир меёбад ва ҳама гуна арзиши воло танҳо дар гузашта арзи ҳастӣ меёбад. Ормони гузашта ҳама гуна навхоҳӣ, озодандешӣ ва фикри солимро бемор ва тасхир мегардонад ва дар натиҷа ормон ва ҳадафе дар баробари оянда боқӣ намемонад. Агар мо каме зираконатар мушоҳида намоем, озодандешон ва сиёсатмадорони олами ислом асосан дорои чунин хуморҳо мебошанд: 1. Хумори хилофати исломӣ; 2. Хумори империяи усмонӣ ва 3. Хумори Аморати Бухоро.

Он «озодандешоне», ки ҳаваси Аморати Бухороро дар сар доранд, ранҷи бемоягӣ мекашанд. Ранҷашон аз он аст, ки онҳо  барои  ояндаи миллат ормони дигареро пешниҳод карда наметавонанд. Буҳрони воқеӣ маҳз дар ҳамин ҷо мебошад. Агар бемоя намебуданд ҳатман он гунна, ки ҳарифони маънавии онҳо иқдомҳо нишон медиҳанд, онҳо низ идеяе матраҳ мекарданд, ки паёме барои оянда бошад. Чун аз худ ҷасорати маънавӣ нишон надодаанд, ки бо афкори пешқадами ҷаҳонӣ ошноӣ пайдо намоянд, дар тангнои бовариҳои бумии худ сардаргум боқӣ мондаанд ва як иртиботе байни афкори миллӣ ва афкори ҷаҳони мутамаддин ба вуҷуд оварда натавонистаанд.

Яке аз нишонаҳои бемоягии ин «озодандешон» он аст, ки аз сабаби надоштани огоҳии зарурӣ ва дониш онҳо ба ҷои бархӯрд намудан бо арзишҳо ва ё идеяҳо бо ҳодисаҳои хушки таърихӣ бархӯрд намудаанд. Далеловариҳои он ки онҳо (манзур: босмачиҳо. – тавз. АМИТ «Ховар») тоҷик буданд ва ё мубориз буданд, ҳанӯз маънии онро надорад, ки онҳо аз ормонҳои волои инсонӣ ва башарӣ бархурдор буданд, огоҳии сиёсӣ ва иҷтимоӣ фароҳам омада буд, озодии инфиродӣ мавриди пуштибонии давлат қарор дошт ва мисли инҳо. Озодандеш на бо рақаму далелҳои ҳодисаҳо, балки бо арзишҳо, афкор ва идеяҳои мавҷуда сару кор мегирад. Вақте озодандеш афкори худро дар муносибат бо арзишҳои мавҷуда ва алтернативаҳо барои ҷойивазкунии онҳо созмон дода наметавонад, ба ҷуз аз бемоягӣ бо мафҳуми дигаре онро ифода кардан ғайримумкин мебошад.

Вақте ки Аморати Бухороро идеал қарор медиҳанд, ман намебинам, ки арзишҳои волои инсонӣ ва иҷтимоии он замонро номбар намоянд ва ё аз мавҷудияти идеяи инкишоф сухан гӯянд. Моҳият ва ҳақиқати ин замонро танҳо арзишҳои ҳукмрони ин давра метавонанд бозгӯйӣ намоянд. Набудани дониши зарурӣ ин шахсони ба  ном «озодандеш»-ро ба бархӯрди догматикӣ маҳдуд гардонидааст. Тамоми таърих собит кардааст, ки ҳама чиз, чи расад ба чизи заиф, мавриди тағйир ва нестшавӣ қарор мегирад, аз ҷумла Аморати Бухоро. Албатта Аморати Бухоро ин империяи Ҳахоманишӣ, империяи Сосонӣ, Сомонӣ, империяи Рим, империяи Чингизхон, Усмонӣ ва ё империяҳои заволёфтаи урупоӣ набуд.

Дар ҳар маврид донишмандон ба ҳодисаҳо бо диди таҳлилӣ бархӯрд менамоянд, аммо дар мавриди Аморати Бухоро аз чӣ бошад, ки як биниши эътиқодӣ чархида истодааст. Чунин давлатҳо (манзур: Аморати Бухоро. – тавз. АМИТ «Ховар»)бояд аз дохил мавриди нобудӣ қарор гиранд, чун нисбати неруҳои тозахоҳ истибдод анҷом мегирад, як омили хориҷие пайдо мешавад ва ба осонӣ онро аз байн мебарад. Аморати Бухоро бояд аз байн мерафт, қонуни зиндагӣ инро талаб менамуд. Шикасти он ниёз ба ягон дилсӯзӣ, таассуф ва пушаймонӣ надорад. Агар хазинаи амири Бухоро аз ин қадар тангаю тилло иборат буд, пас чаро ӯ онро барои ободӣ ва пешрафти ватанаш сарф накард? Оё намешуд, ки бо ин маблағ якчанд беморхона, мактаб, кӯпрук ва барои мардум як миқдор нафақа муайян намуд? Ё худ намешуд, ки бо ин маблағ як армияи муваҳҳазе ба вуҷуд оварад, ки дар баробари армияи сурх истодагарӣ карда тавонад? Фақри андеша ба «озодандешон» имконият намедиҳад, ки ба ин гуна саволҳо ҷавоб диҳанд, аммо чун рус он ҳамаро мебарад ҳаёҳӯй мебардоранд, ки русҳо хазинаи амирро бурданд.

Бемоягии ин «озодандешон» аз тарзи матраҳсозии масъала ва саволгузории онҳо бармало мегардад. Забони тавоно бо дигар забонҳо дарҳол вориди муколама мегардад. Инсони неруманд низ дарҳол вориди муколама бо дигарон мегардад. Аммо забони заиф ва ҳамчунин инсони заиф ҳамеша канор мемонанд ва тавони робита барқарор намуданро доро намегарданд. Андеша низ ҳамин ҳолатро доро мебошад. Вақте ки андеша бо афкори воло робита барқарор карда наметавонад ва аз он таъсир гирифта наметавонад, худ далели заифӣ ва нотавонии андешаи «озодандеш» мебошад.

Ба ду далел ман фақр ва заифии «озодандешон»-и тоҷикро собит мегардонам: аввал, онҳо пас аз ин ҳама иқомат дар Урупо натавонистанд, ки бо идея ва арзишҳои воло дар алоқа қарор гиранд ва аз ночорӣ ва ё маҷбурӣ «ман босмачӣ ҳастам»-ро шиор карданд; дувум, онҳо ба ҷои дасту панҷа нарм намудан бо арзишҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангии замони Аморати Бухоро бо як ҳодисаи стихиявӣ худро маҳдуд намуданд. Дар ин ҷо ҳеҷ гуна вусъати назар ба чашм намехӯрад.

IV. Бори дигар руҷуъ ба Волтер

1.Волтер дар давоми се соли иқомат дар Англия (1726-1729) кӯшиш мекунад, ки забони англисиро азхуд кунад ва бо аҳли андешаи англис ошноӣ пайдо намояд. Ӯ дар ҷанозаи Нютон иштирок мекунад ва минбаъд тарғиботгари асосии афкори Нютон ва ҳамчунин Ҷон Локк дар Фаронса мегардад. Таассуроти худ аз Англияро Волтер дар китоби «Мактубҳо дар бораи мардуми англис» ифода кардааст, ки нашри онро дар Фаронса манъ менамоянд. Волтер дар ин асар озодии сиёсӣ ва истиқлолияти фикрии англисҳоро дар муқоиса бо фаронсавиҳо, ки дар зери асорат ва ғуломии маънавӣ қарор доштанд, тасвир менамояд. Муҳаққиқон маҳз ҳамин асарро аввалин «бонги омодагӣ ба инқилоб» медонанд. Мақсад Инқилоби Бузурги Фаронса мебошад.

Ин амали Волтерро бо иқдомҳои имрӯзаи ба истилоҳ «озодандешон»-и мо муқоиса намоед. Оё ормони босмачигарӣ ва Аморати Бухоро дар тафаккури мо озодии сиёсӣ ва ё истиқлолияти фикриро бедор карда метавонад? Чаро мо сад ҷаҳонро ба хотири ин ду ва бо баҳонаи он, ки онҳо тоҷик ва ё мубориз буданд, сарфи назар намоем? Ҷавоби ҳақиқӣ дар ин маврид он аст, ки онҳо дар баробари оянда ҳадафе надоранд. Вопасгаро мебошанд. Ин ҳақиқати ягона аст. Фақри идея ва ормони миллӣ онҳоро водор ба чунин иқдоми масхараомез намуд.

2. Волтер ҳамчун аввалин файласуфи фарҳанг ва ё бунёдгузори фалсафаи таърих шинохта мешавад ва таърихнигории ӯ аз ҳар гуна таърихнигорӣ фарқ мекунад. Валтер ақида дорад, ки «Мо гузаштаро бар тибқи омоле, ки барои оянда дорем, месозем …”. Ин дуруст аст, бархӯрди дугона нисбат ба босмачигарӣ ва Аморати Бухоро, ки имрӯз вуҷуд дорад, аслан на аз воқеияти гузашта,   балки аз он ки мо ояндаи Тоҷикистонро чӣ гуна дидан мехоҳем, сарчашма мегирад. Онҳое, ки «Ман босмачӣ ҳастам» мегӯянд дар воқеият дар баробари оянда ҳеҷ гуна андешаи воло надоранд, дар иқдоми онҳо пеш аз ҳама бенавогии андеша ба назар мерасад. Агар ҳадафе медоштанд, ҳатман арзиши беҳтаре пайдо карда метавонистанд, он гуна ки гуруҳи муқобил аз ояндаи Тоҷикистон сухан мегӯяд.

3. «Ин расвоиро аз миён бардоред». Волтер омили бадбахтӣ ва оқибмондагии Фаронсаро пеш аз ҳама дар қудрати дин ва мазҳаби дар Фаронса ҳукмрон медид. Ба фикри ӯ озодии инсонҳо ва ҷомеаро пеш аз ҳама мазҳаб ва ҳомиёни он маҳдуд месозанд. Ӯ дар ин маврид мегӯяд: «Касе ки озод халқ шудааст, чӣ ҳақ дорад, ки як нафар мисли худро маҷбур созад, ки монанди ӯ фикр кунад?» Чунин бархӯрди Волтер бо масъалаи озодии инсон хусусияти ҷовидонагӣ дорад.   Он дар баробари ҳеҷ як таълимот ва ё давлат ва ё ҷомеа куҳна намешавад. Аммо баръакси он, агар, фаразан, Аморати Бухоро барқарор шавад ва ба босмачиҳо унвони қаҳрамонӣ диҳанд, дар ҳамон лаҳза дигар барои «озодандеш»-и мо сухани мегуфтагӣ боқӣ намемонад ва рисолати озодандешии худро ӯ дар тобут ҷой месозад.

Пас аз он, ки ба муқобили масеҳият ҷанг эълон менамояд (манзур: Волтер. – тавз. АМИТ «Ховар»), дар охири ҳар як  нигоштааш менавишт: «Ин расвоӣ ва нангро нобуд кунед».

4. Таърихнигорӣ бо вусъати назар. Волтер бо таърих бо вусъати назар муносибат менамуд, на бо таассуб ва тангназарӣ. Ӯ мегуфт, ки ҳадафи ман таърихи ФИКР БАШАР аст, на тафсилоти беҳудаи воқеаҳо. Дар таърихнигории худ ӯ як ҳадафро дунболагирӣ менамуд, яъне башар чӣ гуна аз ҳолати ноогоҳӣ ба огоҳӣ ва тамаддун расидааст. Ҳамчунин ҳангоми нигориш ӯ ягон миллат ва ё давлати алоҳидаро дар назар надошт, балки тамоми башарро. Ӯ гуфта буд, ки ман аввал инсон ҳастам ва пасон фаронсавӣ ва барои ин сухан шоҳи Фаронса намехост, ки ӯ қадам ба хоки Фаронса гузорад. Волтер мегӯяд, ки ман намехоҳам саргузашти ҷангҳо, балки саргузашти ҷомеаҳоро нависам.

Ҷолибтарин ва асоситарин назари Волтер он аст, ки агар пешрафти ҳунар ва фикрро дар ҳар як аср сарфи назар намоем, он гоҳ барои  ояндагон чизи дигари ҷолибе боқӣ намемонад.

Дар муносибат бо босмачигарӣ ва Аморати Бухоро «озодандешон»-и мо то андозае бо тангназарӣ ва таассуб амал карда истодаанд, ки аз амали онҳо ҳар инсони оддӣ ба тааҷҷуб меояд. Оне, ки аскари сурх дар ин минтақа бедодгарӣ кард — ин як кашфиёт нест, ҳар шахси огоҳ инро медонад. Инро ФАҲМИДАН даркор, на аз ин ҳаёҳӯй барпо кардан даркор.

Ҳамчун хулоса метавон натиҷа гирифт, ки ифодаи «ман босмачӣ ҳастам» баёнгари бемоягии маънавӣ, беҳадафӣ дар баробари оянда ва таассуби фикрии «озодандеш»-и мо мебошад. Набудани огоҳӣ нисбат ба афкори волои ҷаҳонӣ, ки боиси огоҳӣ, инқилобҳои ҷаҳонӣ ва пешрафти башарӣ гардидааст, «озодандеш»-и моро водор ба чунин иқдоми бунбастӣ ва таассубӣ гардонидааст.

Оё намешавад, ки чун озодандешони боасолати ҳама давру замонҳо ба волотарин афкори башарӣ руҷуъ кард ва барои миллат маводҳоеро пешниҳод, намуд, ки боиси огоҳии шахсӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ӯ гардад?!.

 Нуриддин ШАҲОБИДДИНОВ

P.S. Ҳангоми омодасозии ин иншо аз адабиётҳои зерин истифода гардидааст: 1. “Таърихи фалсафа”-и В. Дурант, 2. “Фалсафа дар замони шукуфоии фикрии юнониҳо”-и Ф. Нитше ва 3. “Инсони тоғӣ”-и А. Каму.

 

Бознашр аз АМИТ “Ховар”


11.02.2019 Нет комментариев