734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Машқҳои пагоҳирӯзӣ доир мегарданд

Пагоҳ дар Боғҳои фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муасисаҳо машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ доир мегарданд.
Машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст” муддати се сол аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон аз омилҳои номатлуби иҷтимоӣ баргузор карда мешаванд.
Ҳамзамон, дар марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва толорҳои варзишии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ низ доир карда мешаванд.


08.02.2019 Нет комментариев