734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Мулоқоти Аҳтам Абдуллозода бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Душанбе Шаҳид Алӣ Сиҳар ва вобастаи тиҷоратии ин намояндагии дипломатӣ Рашид Имтиёз

Шоми ин бегоҳ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шаҳри Душанбе Шаҳид Алӣ Сиҳар ва вобастаи тиҷоратии ин намояндагии дипломатӣ Рашид Имтиёз мулоқот намуданд.
Дар мулоқот масъалаи табодули таҷриба миёни мураббиёну варзишгарон дар кишварҳои тарафайн, баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишии муштарак, гузаронидани машқу тамринҳои дастаҷамъӣ, баргузории мусобиқаҳои дӯстонаи футбол миёни тимҳои ҳурду кишвар, баргузории чорабиниҳои гуногуни илмию адабӣ, фарҳангию фароғатӣ дар самти кор бо ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон зери сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 июни соли 1992 оғоз гардида, муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи олӣ қарор доранд
Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонї ва инкишофи варзиш дар сатҳи хело хуб ба роҳ монда шуда, дар ин бора Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорї дар соҳаи тарбияи ҷисмонї ва варзиш аз санаи 8 марти соли 2011 дар шаҳри Исломобод ба имзо расонида шудааст.
Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳарду кишвар варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни баргузоршавандаи тарафайн фаъолона иштирок ва ҳунарнамоӣ менамоянд.
Мулоқот дар доираи тафоҳум ба анҷом расид.


08.02.2019 Нет комментариев