734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


Паём дастурамали кории ҷавонон

Санаи 7 феврали соли 2019 дар доираи Нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон бо ҳайати омӯзгорон  ва донишҷӯён мулоқоти судманд доир гардид.

Дар мулоқот муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо Шодӣ  оид ба расонидани нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки дар Паёми имсолаи хеш Роҳбари давлат ба масъалаи маориф таваҷҷуҳи хоссса зоҳир намуда, ба масъулини соҳа ҷиҳати омода намудани кадрҳи баландихтисос дастуру супоришҳои мушаххас доранд.

Дар ин замина, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ПРезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳои дахлдор Нақша чорабиниҳои муштаракро ба тасвиб расонида, ҷиҳати иҷрои он чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Баргузории мулоқоту вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мақсади расонидани муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат ба наврасону ҷавонон, варзишгарон ва сокинони пойтахти кишвар роҳандозӣ гардида истодааст.


08.02.2019 Нет комментариев