734002, Тоҷикистон Душанбе, к. Спортивная 6; (+992 37) 2351023; 2367815;

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меню


5 чемпионат ва 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар се моҳи аввали соли 2019

Дар доираи Тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавию варзишӣ ва солимгардонӣ ҷиҳати иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2019 тақвими чорабиниҳо, бо муайаян намудани таърихи баргузорӣ дар марҳилаҳои аввал, дуюм, сеюм ва ниҳоӣ, ҷойи баргузорӣ муайян шуда, барои корбарӣ ва истифодаи оммаи мураббиёну варзишгарон ва ВАО пешниҳод карда шудааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 5 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи риштаҳои гуногуни варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки баргузории ин чорабиниҳои варзишӣ дар шаҳри Душанбе, Бохтар, Норак ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки дастаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд.


07.02.2019 Нет комментариев